ФЕСТИВАЛИ ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Март 30, 2009 13:40

                  Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 2 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» баргузор мегардад. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва Китобхонаи бачагонаи ба номи М. Миршакар гузаронида мешавад.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», дар маркази матбуотии вазорат хабар доданд, мақсад аз баргузории ин ҷашнвора тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кўдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷўҳи хонандагони наврас ба китобхона ва китобхонӣ, ташаккули малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон мебошад.                   Вазифаҳои фестивал таъмин намудани иштироки фаъолонаи кўдакон дар баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва бедорсозии шавқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ ва тарбияи хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба шумор меравад.                  Дар фестивал адибону олимон ва хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ ва кӯдакони синни томактабӣ иштирок менамоянд.                 Фестивал як ҳафта идома меёбад ва 8-уми апрел дар Театри ҷавонони ба номи М. Маҳмудов ҷамъбаст хоҳад гардид.

Март 30, 2009 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид