ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ КИТОБ ВА МУСИҚӢ -2009

Март 27, 2009 16:10

                 Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии китоб ва мусиқӣ-2009 кушода мешавад. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва ташкилоти байналмиллалии «Истиқлол» баргузор мегардад.                   Дар фестивал шоиру нависандагон, оҳангсозон, рассомон ва ҳунармандон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори ташкилоти мазкур Латофат Кенҷаева хабар дод, дар доираи ин ҷашвора гузаронидани озмунҳои адибону рассомон, оҳангсозон ва устодҳои халқӣ ба нақша гирифта шудаанд.                  Бояд зикр намуд, ки Фестивали китоб ва мусиқӣ аз соли 2007 ҳамасола гузаронида мешавад.Фестивал 2 моҳ идома ёфта, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак-1 июн ҷамъбаст карда мешавад.

Март 27, 2009 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид