ГИРДИҲАМОИИ МУХОЛИФИНИ ҲУКУМАТИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР БИШКЕК
Бишкек, 28 март (АМИТ «Ховар» — Са — Нюс). — Дирӯз дар пойтахти Қирғизистон — шаҳри Бишкек гирдиҳамоии тарафдорони Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ баргузор гардид. Намоишгарон ба президент ва ҳукумати мамлакат шаш талаби худро пешниҳод намуданд. Онҳо, аз ҷумла, талаб карданд, ки 50 фоизи аъзои комиссияҳои интихобот аз ҷумлаи намояндагони мухолифин таъин карда шаванд, 50 фоизи намояндагони мухолифин ба мақомоти қудратӣ ва интизомӣ шомил карда шаванд, дар мамлакат интихоботи шаффоф гузаронида, таъқиботи сиёсии мухолифин қатъ карда шавад ва ғайра. Барои иҷрои талаботи мазкур ба президенти кишвар Қ.Боқиев то 20 апрел мӯҳлат дода шуд. Вазири собиқи мудофиаи Қирғизистон Исмоил Исҳоқов изҳор намуд, ки агар мақомоти мамлакат талаботи мухолифинро то 20 апрел иҷро накунанд, гирдиҳамоии бемӯҳлат ташкил карда хоҳад шуд. Вай қайд кард, ки рӯйхати талаботи мухолифин баъди анҷоми гирдиҳамоӣ ба президенти ҷумҳурӣ фиристода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






