ГУРӮҲИ КОРИИ ШАБАКАИ АВВАЛИ ТЕЛЕВИЗИОНИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ ОМАД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Гурӯҳи кории Шабакаи аввали телевизиони Русия барои ҳаллу фасли масъалаҳои гузаронидани озмуни байналхалқии овозхонони ҷавон таҳти унвони «Панҷ ситораи интервизион» 23 март ба Душанбе омад. Ба ҳайати мазкур 11 нафар, аз ҷумла, директори генералии озмун Н.Смариго, мудири барномаҳои мусиқии Шабакаи аввал Ю.Оқсюта ва дигарон шомиланд. Меҳмонон дар давоми чор рӯз шартҳои гузаронидани озмунро бо намояндагони вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио муҳокима ва мувофиқа хоҳанд кард. Аъзои гурӯҳи корӣ 24 март бо мауовини сарвазир Р.Қурбонова мулоқот кард. Сипас мулоқоти онҳо бо роҳбарону намояндагони Кумитаи телевизион ва радио баргузор гардид. Меҳмонон ҳамчунин дар тантанаҳои иди Наврӯз ширкат варзиданд. Шахсони мутасаддии ҳар ду ҷониб 25 март масъалаи интихоби ҷойи гузаронидани озмунро баррасӣ менамоянд. 26 март масъалаҳои марбут ба ороиши саҳна, иштирокчиёни озмун, пахши консерт ва фурӯши чиптаҳо ҳал карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






