ГУРӮҲИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ФЕДЕРАЛИИ МУҲОҶИРАТИ РУСИЯ БА ҶТ МЕОЯ
Душанбе, 10 март (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев ). — Имрӯз гурӯҳи намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари онҳо дар амал татбиқ намудани барномаҳои байнидавлатии соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва гузаронидани машварат дар мавзӯи ҷалби коргарони гуногункасб аз Тоҷикистон ба Русия мебошад. Инчунин, намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Хадамоти муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон зимни мулоқоташон масъалаҳои бо кор таъмин намудани коргарони муҳоҷири тоҷикро дар минтақаҳои гуногуни Русия баррасӣ менамоянд. Меҳмонон зимни сафар бо фаъолияти баъзе омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ шинос хоҳанд шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






