ГВИНЕЯ – БИСАУ БАЪДИ КУШТОРИ ПРЕЗИДЕНТ
Бисау, 4 март (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Тавре хабар дода шуда буд, рӯзи душанбе бар асари таркиш ва ҳуҷуми низомиён ба қасри президенти Гвинея — Бисау сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва сардори давлати он кушта шуданд. Намояндаи расмии артиши мамлакат Замур Индута баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки куштори сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳ ва президент ба ҳамдигар ягон алоқа надоранд. Куштори сардори давлатро табаддулоти давлатӣ номидан лозим нест. Сарвазир Карлос Гомес Ҷуниор зикр кард, ки барои муҳокимаи вазъият машварати ҳукумат ва роҳбарияти қувваҳои мусаллаҳ гузаронида шуд. Мо метавонем якҷоя вазъияти бӯҳрониро бартараф созем, гуфт вай. Дар Гвинея — Бисау барои поси хотири президенти ҳалокшуда, мотами 7 рӯза эълон карда шуд. Мувофиқи Қонуни асосии Гвинея — Бисау ваколатҳои сардори давлат баъди ҳалокати он ба зиммаи раиси Ассамблеяи миллӣ Раймундо Перейра гузошта мешавад. Вай дар давоми 60 рӯз бояд интихоботи президенти нави мамлакатро баргузор созад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






