ХАТИ ИНТИҚОЛИ БАРҚИ «ҶАНУБ – ШИМОЛ» 20 МОҲ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Сохтмони хати интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб — Шимол», ки дарозии он 264 километр мебошад, моҳи октябри соли равон ба истифода дода мешавад. Тибқи нақша хати интиқоли барқи мазкур мебоист дар давоми 45 моҳ сохта мешуд, вале ба туфайли босуръат давом додани корҳо хати интиқоли барқ 20 моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршуда ба истифода хоҳад шуд. Ҳоло дар ин ҷо 600 коргар кор мекунад. Ба туфайли фаъолияти хати интиқоли барқи «Ҷануб — Шимол» аҳолии мамлакат тамоми фаслҳои сол бо қувваи барқ пурра таъмин карда хоҳад шуд. Хати интиқоли барқи мазкур аз ҳудуди 9 ноҳия, аз ҷумла, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Ғончӣ мегузарад. Барои сохтмони он 281 миллиону 283 ҳазору 633 доллари ИМА ҷудо карда шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






