ХИШТИ НАХУСТИНИ БИНОИ НАВИ САФОРАТИ АФҒОНИСТОН ГУЗОШТА ШУД

Март 31, 2009 12:23

                     Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми 30 март дар шаҳри Душанбе хишти нахустини пойдевори бинои нави сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Дар маросими он сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмуҳаммади Хайрхоҳ ва муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва дигар намояндагони идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон иштирок доштанд.                     Тибқи иттилои корманди бахши матбуоти сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар, бинои нави сафорати Афғонистон дар кӯчаи Маяковскийи Душанбе дар масоҳати 1 гектар замин ба маблағи беш аз 4 миллион доллари ИМА сохта мешавад.                      Бинои нави сафорат аз ҷониби ширкати сохтмонии «Рустбахт»-и Тоҷикистон, ки дар тендер дар миёни 28 ширкати сохтмонӣ ғолиб омадааст, дар зарфи 2 сол бунёд карда мешавад. Бинои нави сафорат аз чор ошёна иборат буда, дар он сафорат, консулгарӣ, қароргоҳи сафир ва иқоматгоҳи намояндагони дипломатии Афғонистон ҷойгир карда мешаванд.                       Бояд тазаккур дод, ки сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз соли 1995 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардааст. Консулгарии ин кишвар ҳанӯз дар замони побарҷо будани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз соли 1990 фаъолият менамояд.                        Алҳол, бинои сафорати Афғонистон дар кӯчаи Мирзо Турсунзода — 124 воқеъ мебошад.

Март 31, 2009 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид