ИМА ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОНРО ҲАМРОҲИ ЭРОН БАРРАСӢ КАРДАНИСТ
Вашингтон, 6 март (АМИТ «Ховар» — РБК). — ИМА қарор додааст Эронро ба конфронси байналхалқӣ даъват намояд, ки дар он роҳу усулҳои аз вартаи бӯҳрон наҷот додани Афғонистон муҳокима карда мешаванд. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои НАТО дар Брюссел сухан ронд. Вай зикр намуд, ки намояндаи Эрон барои иштирок ба ин конфронс даъват карда хоҳад шуд. Президенти ИМА Барак Обама изҳор кард, ки ояндаи наздик ба Афғонистон ба таври илова 17 ҳазор аскару афсар фиристода мешавад. Айни ҳол дар ин мамлакат 38 ҳазор хизматчии ҳарбии ИМАҷой дода шудааст. Инчунин қариб 30 ҳазор нафари дигар ба онҳо хизмат мерасонанд. Б. Обама изҳор намуд, ки маъмурияташ сиёсати худро нисбати Эрон тағйир дода, роҳу усулҳои машварати амалиро бо ин мамлакат ҷустуҷӯ хоҳад кард.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






