ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН МОҲИ АПРЕЛ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Кобул, 2 март (АМИТ «Ховар» — Кабар). — Тибқи хабарҳои расида, интихоботи Президенти Давлати Исломии Афғонистон 21 апрели соли равон гузаронида мешавад. Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай мувофиқи Қонуни асосии мамлакат дар ин бора қарор қабул намуд. Қарори президент дар бораи гузаронидани интихобот бо қарори комиссияи интихоботи мамлакат комилан мухолиф мебошад. Комиссияи интихобот қарор қабул карда буд, ки интихоботи президент моҳи август гузаронида шавад. Мӯҳлати ваколати президенти ҳозираи Афғонистон Ҳамид Карзай 21 май ба охир мерасад. Мувофиқи моддаи 61 Қонуни асосӣ, интихоботи президент бояд то 22 май дар давоми аз 30 то 60 рӯз гузаронида шавад. Вале мушоҳидони байналхалқӣ изҳор менамоянд, ки гузаронидани интихоботи одилонаю шаффоф дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ бо назардошти вазъияти мураккаб ва муташанниҷи мамлакат имконнопазир мебошад. Дар шароити имрӯза хусусан вазъияти вилоятҳои ҷанубу шарқии Афғонистон ноором аст. ИМА ва мамлакатҳои дигар, ки қисмҳои ҳарбии онҳо дар Афғонистон ҷой дода шудаанд, ба тарафдории ба мӯҳлати дертар гузаронидани интихобот ақида изҳор намуданд. Қайд карда мешавад, ки то гузаронидани интихоботи президенти Афғонистон қариб 20 ҳазор аскару афсари хориҷӣ ба ин мамлакат фиристода хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






