ИШТИРОКИ Ҳ. ЗАРИФИ ДАР МУЛОҚОТИ СЕҶОНИБА
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистан ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 20 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Мазори Шариф баргузор гардид, иштирок намуд. Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамроҳӣ , вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳр Муттакӣ зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодӣ, фарҳанг, таҳсилоти олӣ, тандурустӣ ва консулӣ баррасӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаҳои муҳокимашавандаро муҳим арзёбӣ намуда, таваҷҷӯҳи мусоҳибонашро ба вусъати ҳамкорӣ, хусусан барои сохтмони роҳҳо ҷалб намуд. Боиси зикр аст, ки ҳамаи таклифу пешниҳоди Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳуҷҷати хотимавӣ ворид карда шуданд. Дар анҷоми мулоқот вазирон ҳуҷҷати хотимавӣ — Баёнияи муштараки сеюмин иҷлоси вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро оид ба ҳамкории сеҷониба ба имзо расонданд. Пас аз ба имзо расидани Баёнияи муштарак вазирони корҳои хориҷӣ оид ба натиҷаҳои мулоқот бо хабарнигорони хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир намуданд. Дар суханронии худ дар назди намояндагони воситаҳои ахбори омма Ҳамрохон Зарифӣ ба мазмуну мундариҷаи мулоқот ва натиҷаҳои он баҳои баланд дода, зикр кард, ки оид ба тамоми масъалаҳои баррасишуда ҳар се ҷониб андеша ва мавқеи яксон доштанд ва дар натиҷа мувофиқаи комил ба даст омад. Сипас вазирони корҳои хориҷии се кишвари дӯст, ҳамсоя ва ҳамзабон дар маросими ифтитоҳи чаҳорроҳаи Фирдавсӣ ва китобхонаи Фирдавсӣ, ки дар маркази шаҳри Мазори Шариф ба қарибӣ сохта шудаанд, иштирок намуда, аз девори фарҳехтагони Балх дидан карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






