КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИК БА ВАРЗИШ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
Душанбе, 3 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» инчунин, таъсиси гурӯҳи корӣ доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз шумори масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд. Раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Маҳбуба Нуриддинова, Додихудо Саймиддинов ва Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба масъалҳои зикршуда, ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур барои шахсони бемори ба хун ниёздошта, ҷалби ҳар чи бештари кӯдакону наврасон ба варзиш, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олии касбӣ ва дар заминаи он фаро гирифтан ҷавонон ба таҳсилоти касбӣ мусоидат менамоянд. Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва бархи дигараш ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, ки 5 март доир мегардад, пешниҳод карда шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






