КӮМАКҲОИ ҶОПОН БА ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯНД

Март 12, 2009 12:38

                     Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳукумати Ҷопон барои лоиҳаи «Барқарор намудани наҳри обёрӣ дар ҷамоати Калининободи ноҳияи Ғончӣ» 82,681 доллари ИМА ҷудо намуд.                      Мақсади тадбиқи лоиҳа аз қисман мустаҳкам намудани наҳри ҷории 9 километрӣ, ки зиёда аз 50 сол инҷониб деҳаи «Янгиариқи болоро» обёрӣ мекунад, иборат аст. Бо сабаби тез-тез фурӯравии замин баъзе ҷойҳои наҳр вайрон шуда, ҳолати талафи обро ба миён овард. Наҳри барқароргардида талафи обро кам карда, самараи истифодабарии обро дар хоҷагиҳои фермерӣ афзун мекунад. Зиёда аз 3000 нафар аҳолии деҳаи «Янгиариқи боло» аз ин лоиҳа баҳравар гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро босамар обёрӣ карда метавонанд.                     Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2009 Ҳукумати Ҷопон барои сохтмон ва барқарор намудани системаҳои обёрӣ 6 лоиҳаи кӯмаки бебозгаштро дар шаш ноҳия амалӣ месозад. Кӯмакҳои бебозгашт на танҳо барои баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, балки ба дехқонон низ имкони кишти навъҳои мухталифи зироатҳои кишоварзиро фароҳам меорад.

Март 12, 2009 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид