КӮМАКҲОИ РОССИЯ БАРОИ КИСТ?

Март 25, 2009 12:07

                     Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти масъули шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати ҷумҳурӣ подполковник Аҳлиддин Мирзоев, рузи 26- уми март тавассути ҳовопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона ворид мешавад.                      Бояд тазаккур дод, ки ин сеюмин ҳавопаймои боркаши Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Россия мебошад, ки бо кӯмакҳои башардӯстона вориди Тоҷикистон мешавад. Аз рӯи маълумоти ба даст омада, бо ин се ҳавопаймо ба Тоҷикистон 25 тонна қанд, 13,1 тонна консерва, 100 дона хайма, 3 ҳазор дона кӯрпаю кампали гарм 100 дона таҷҳизоти гармидиҳӣ, 9 дона таҷҳизоти барқдеҳ оварда мешавад.                     Дар давоми моҳҳои январ- феврали соли 2009 ба Тоҷикистон аз 26 мамлакати хориҷӣ ба маблағи 16 млн. 550 ҳазор доллар ёрии башардӯстона расонида шудааст.                      Ҳангоми як назарпурсӣ дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки нафақахӯрон дар ин ду моҳи охир аз ин ёриҳои башардӯстона огаҳӣ надоранд. 

Март 25, 2009 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар