КӮМАКИ ХАЙРИЯ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тӯли солҳои зиёд ҶСК «Ориёнбонк» ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманди ҷомеа, муассисаҳои ҷамъиятию таълимӣ, оилаҳои мӯҳтоҷ ва муассисаҳои бачагона кӯмаки хайрия мерасонад. Аз моҳи январи соли 2008 ҶСК «Ориёнбонк» ӯҳдадор шуда буд, ки ба мактаб-интернати махсуси бачагони нобино ва қувваи босираашон сусти шаҳри Исфара ёрии моддӣ расонад. Бинобар ин, дар арафаи иди Наврӯз ҶСК «Ориёнбонк» ба мактаб-интернат ва шаҳрвандони маъюбу мӯҳтоҷ ба маблағи 8 ҳазору 200 сомонӣ кӯмаки хайрия расонид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






