КӮМАКИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД

Март 20, 2009 16:09

                 Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Кӯмаки хайрияи Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дирӯз, 19 март бо ду ҳавопаймои боркаши ИЛ — 76 ба Душанбе оварда шуд. 26 март аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи боз як ҳавопаймои дигар кӯмаки хайрия фиристода хоҳад шуд. Кӯмаки хайрия аз 15 тонна гӯшти консервашуда, 25 тонна шакар, 9 нерӯгоҳи сайёри барқӣ, 100 хаймаи «Помир — 30», 100 дастгоҳи гармкунанда ва 3 ҳазор кампал иборат аст. Вазни умумии он 96,4 тонна мебошад. Маблағи кӯмаки хайрия 32 миллиону 746 ҳазор рубли Русияро ташкил медиҳад.                 Дар маросими супоридани кӯмаки хайрия иҷрокунандаи муваққатии вазифаҳои сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличный ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиа ва шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон иштирок доштанд.                  В.Светличный изҳор намуд, ки Тоҷикистон яке аз иттифоқчиёни наздики Русия ва шарики деринаи он мебошад. Мамлакатҳои мо ба ҳамдигар муносибатҳои махсус доранд ва табиист, ки Русия дар лаҳзаҳои мушкил муроҷиати роҳбарияти Тоҷикистонро дар бораи расондани кӯмаки хайрия беҷавоб гузошта наметавонист. Мамлакати мо ба Тоҷикистон ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор дасти ёроз мекунад, гуфт вай. Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон Б.Орифов ба Ҳукумати Русия барои кӯмаку дастгирӣ изҳори сипос намуд.                                                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А.    

Март 20, 2009 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид