КӮМАКИ ХАЙРИЯИ САФОРАТИ ӮЗБЕКИСТОН
Душанбе. 19-уми март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар арафаи иди Наврӯз ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Душанбе кӯмаки хайрия расонд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, сафорат соли дуввум аст, ки мактаб — интернати мазкурро ба шефӣ гирифтааст ва доимо ба онҳо кӯмак мерасонад. Намояндагони сафоратхонаи Ӯзбекистон ба мактаб-интернат дастгоҳи навбаромади пухтупазӣ кулчақандҳо, орд, макарон ва маснуотӣ қаннодӣ тӯҳфа карданд. Ҳамчунин, ба ин муносибат дар мактаб бо иштироки волидайни тарбиятгирандагон ва намояндагони сафорат ҷамъомади ботантана ва консерт баргузор шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






