КИШТИ ЧИГИТ ОҒОЗ ЁФТ
Қӯрғонтеппа, 25 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). — Дар хоҷагиҳои навоҳии ҷанубии вилояти Хатлон кишти чигит оғоз ёфт. Мудири шӯъбаи раёсати кишоварзии вилоят Чамангул Абдусаломова ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон дар масоҳати 6 ҳазору 291 гектар чигит корида шуд. Деҳқонони вилоят имсол ният доранд, ки дар масоҳати 136 ҳазору 680 гектар замин чигит коранд. Деҳқонони ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Шаҳритус ва Ҷилликӯл дар вилоят аввалин шуда, ба кишти чигит шурӯъ намуданд. Ч.Абдусаломова зикр намуд, ки дар оғози кишти чигит барои таъмини сифати хуби он дар хоҷагии «Кӯлоб» — и ноҳияи Вахш семинар гузаронида шуд. Дар он роҳбарону намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзида, таҷрибаи ҳамдигарро омӯхтанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






