КИШВАРҲОИ ЭКО ШАБАКАИ ЯГОНАИ КОММУНИКАТСИОНӢ СОЗМОН МЕДИҲАНД
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-11 март дар Теҳрон нишасти навбатии Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор мегардад, ки дар он дар баробари роҳбарони дигар давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок менамояд. Масъули бахши матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар нишасти навбатии сарони кишварҳои ЭКО масъалаҳои вазъи фаъолияти ЭКО, коҳиши бӯҳрони ҷаҳонии моливӣ, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои аъзои ин созмон дар бахши коммуникатсия, сохтмони роҳи оҳан, бахусус таъсиси шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ баррасӣ мешаванд. Ҳамзамон масъалаи тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои ин созмони мӯътабар дар бахши энергетика дар маркази таваҷҷӯҳи Сарони кишварҳои аъзои ЭКО қарор мегирад. Бояд зикр кард, ки ЭКО 10 кишвари ҷаҳон, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Туркияро муттаҳид менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 1993 ба узвияти ин созмони бонуфуз пазируфта шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






