КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ БА НОМИ А. ФИРДАВСӢ БО АДАБИЁТИ ТОЗАНАШР ҒАНӢ ГАРДОНИДА ШУД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрўз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат иброз намуда буд, Вазорати фарҳанги ҶТ беш аз 2,5 ҳазор китобҳои бадеӣ, илмӣ, илмӣ-оммавиро ҳамчун тўҳфа ба Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А. Фирдавсӣ тақдим намуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуотии вазорат хабар доданд, аз ин ҳисоб 1000 нусха китобҳои гуногуни ҷамъоваришуда аз китобхонаи шахсии Вазири фарҳанг М. Асрорӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки дар байни асарҳои дорои аҳамияти таърихӣ ва тарбиявидошта, инчунин бо забонҳои гуногун адабиётҳо хеле зиёданд, ки онҳо натанҳо барои тарбияи насли наврас, балки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандўстии ҷомеа мусоидат хоҳанд намуд. Ташаббуси Сарвари давлат дорои моҳияти баланди башардўстона буда, барои гардиши китоб, ки сарвати бебаҳои маънавӣ аст, кўмак мерасонад. Бо истифода аз фурсат, кормандони Вазорати фарҳанг тамоми аҳли зиёи мамлакатро даъват менамоянд, ки ин ташаббуси наҷибро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои муккамалгардонии фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти тозанашр саҳм гузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






