КОМЁБИИ МАТЕМАТИКҲОИ НАВРАС
Душанбе, 13 март (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Натиҷаҳои пешакии олимпиадаи ғоибонаи байналхалқии математикии мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ҷамъбаст карда шуд. Талабагони тоҷик Инъом Мирзоев аз литсейи Тоҷикистону Туркия, Олимҷони Пираҳмад, Фаридун Муҳаммадиев ва Муҳаммадҷон Шоев аз гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия дар ҳалли мисолу масъалаҳои мураккаби математикӣ маҳорати калон нишон дода натиҷаҳои беҳтарин ба даст оварданд. Дар ин бора корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Умед Каримов хабар дод. Вай зикр кард, ки Олимпиадаи мазкур дар бахшҳои гуногун дар ҳар мамлакати алоҳида якбора гузаронида шуд. Дар он бештар аз сад талабаи тоҷик иштирок намуд. Натиҷаҳои олимпиадаро ҳайати байналхалқии доварон дар ҷумҳурии Куриё ҷамъбаст кард. Аз ҷумлаи талабагони тоҷик танҳо чор нафар ба натиҷаҳои намоён ноил гардиданд. Умед Каримов афзуд, ки рӯзҳои таътили баҳорӣ дар Душанбе олимпиадаи навбатии математики ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Ғолибони он дар олимпиадае ширкат меварзанд, ки моҳи июл дар шаҳри Бремени Олмон гузаронида мешавад. Соли гузашта талабаи гимназия — интернати муштараки Тоҷикистону Русия Акбар Файзуллоев дар олимпиадаи байналхалқии Мадрид ба медали биринҷӣ мушарраф гардида буд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






