КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ОМӮЗИШГОҲИ САРҲАДӢ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 17 март дар Омӯзишгоҳи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам баргузор гардид, ки дар он ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Сараввал сардори омӯзишгоҳи мазкури Аладӯст Ғураев баромад кард, ки мақсад аз гузаронидани конфронси илмӣ назаре ба саҳифаи таърихи гузаштаи халқи тоҷик, бахусус нигоҳе ба ҳаёт ва фаъолияти шахсияти бузурги олами Ислом- Абуҳанифа Имоми Аъзам, ки соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1310 солагии ин шахсияти бузург таҷлил карда мешавад. Сипас, муовини сардори омӯзишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ О. Маликов, донишомӯз Ҷ. Маликов, омӯзгорон С. Бегназарова, С. Шарифов, К. Юсуфова дар бораи «Шарҳи ҳоли мухтасари Имом Абуҳанифа», «Рӯзгори Абуҳанифа дарси ибрат аст», «Мактаби фиқҳии мазҳаби Ҳанафӣ» ва «Мероси ҷовидонаи Имоми Аъзам» маърӯза карданд. «Бояд тазаккур дод, ки мактаби Имоми Аъзам дар давру замони худ то ба имрӯз яке аз мактабҳои бузурги ҳуқуқии дунёи ислом дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Ҷолиб он аст, ки мероси ҷовидона ва таълимоти ин марди бузург- Имоми Аъзам барои рушду нумӯи башарият нақши бузург ва арзанда дорад. Баргузории чунин конфронс қадами устуворест баҳри баланд бардоштани савияи дониши насли ҷавон , огоҳ будан аз мероси аҷдодони худ ва худшиносию худогоҳии миллии онҳо», — гуфт дар хотима Аладӯст Ғураев.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






