КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 1310 — СОЛАГИИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 2 март дар Кохи Рўдакии маркази вилояти Суғд, бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» идома гирифт, ки дар кори он раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат намуда, дар мавзўи «Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар густурдаи фарҳангӣ» маърўза кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд. Дар ин конфронс, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомиддинов, доктори илмҳои филологӣ Абдуманнон Насриддинов, Низомиддин Зоҳидов ва Саидумрон Саидов доир ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёт ва мақому мартабаи Имоми Аъзам маърӯза карданд. Конфронси мазкур имрӯз дар бахшҳои забону адабиёт ва таъриху сиёсат дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






