КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА ЭҶОДИЁТИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР ХУҶАНД

Март 4, 2009 08:17

                  Хуҷанд, 4 март (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Тоҷиддин Асомиддинов, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, олимону адибон, намояндагони ҳизбҳо ва ҷунбишҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, маъмурияти шаҳру ноҳияҳои вилоят ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ширкат варзиданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар мавзӯи «Нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги миллӣ» маърӯза кард. Ӯ дар бораи ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам, мероси илмии он, нақши Имоми Аъзам дар таърихи дини ислом, хусусиятҳо, анъанаҳо ва афзалиятҳои таълимоти мазҳаби «Ҳанафия» сухан ронд.                 Дар конфронс инчунин, олимон Абдуманнон Насриддинов, Низомхон Зоҳидов ва Саиднӯъмон Саидов маърӯза карданд. Қисмати дуюми конфронс дар бахшҳои забону адабиёт ва таъриху сиёсат имрӯз дар толорҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давом кард.

Март 4, 2009 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд