КОНФРОНСИ ИЛМӢ ГУЗАШТ, АММО БАДНОМӢ МОНД
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба бонувони вилояти Хатлон, ки мехостанд дар мавзӯъҳои «Зиндагиномаи Имом Абӯҳанифа», «Мақоми зан аз нигоҳи Имом Абӯҳанифа», «Одоби зан аз нигоҳи фиқҳи Имом Абӯҳанифа» ва боз мавзӯъҳои дигари ба ҷашни бузургдошти ин Пири тариқат марбут буда, конфронси илмӣ- фарҳангӣ доир намоянд, ҳукумати вилояти Хатлон ҷой надод. Ба гуфти роҳбари конфронс Хайриниссо Саидова, баъди он ки талаби занон барои баргузории конфронс дар толори маркази иттифоқҳои касабаи вилоят, ки ҳамаи онҳо (120 нафар занон) аъзои ин иттифоқи ҷамъиятианд ва ба гуфти раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Ҷамшед Раҳмонов, баргузории ин конфронс аз тарафи ҳукумати вилоят дар ин толор рад карда шуд, онҳо конфронсро дар ҷои номувофиқтар баргузор намуданд, аммо бадномӣ ба унвони мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят, федератсияи ӣттифоқҳои касаба ва дигар идораҳои марбута вирди забонҳо гардид.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






