КОНФРОНСИ МАХСУС БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН

Март 30, 2009 10:59

                    Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон, ки таҳти васояти Созмони ҳамкории Шанхай дар Маскав баргузор гардид, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок дошт. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон, таъсири он ба мамлакатҳои ҳамсоя, густариш додани ҷидду ҷаҳди муштараки давлатҳои ҷаҳон дар мубориза ба муқобили таҳдидҳо ва зуҳуроти нави замони ҳозира дар минтақа, аз ҷумла, мубориза ба муқобили терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояткории муташаккилона дар минтақа муҳокима шуданд.                    Конфронсро вазири корҳои хориҷии Русия С.Лавров кушода, дар бораи таҳдидҳои имрӯзаи аз Афғонистон сарзананда, роҳу усулҳои гирифтани пеши онҳо, нақши Русия дар тадбирҳои барқарор сохтани ин мамлакати ҷангзада ва харобгардида сухан ронд. Қайд карда шуд, ки Русия дар қаламрави Афғонистон тӯли солҳои ҳамкорӣ 140 корхонаю муассиса сохтааст. Русия соли 2007 қарзи Афғонистонро ба маблағи зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА бахшид.                    Дар конфронс Муншии умумии СММ Пан Ги Мун сухан кард. Вай изҳор намуд, ки истеҳсоли маводи нашъадор, терроризм ва ҷанг пояҳои демократии давлатро суст мегардонанд. Мамлакатҳои ҷаҳон бо сабаби муташанниҷ будани вазъияти Афғонистон бо ин мамлакат ҳамкорӣ намекунанд.                   Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта изҳор намуд, ки проблемаҳои мамлакаташро бе кӯмаку дастгирии ҷомеаи ҷаҳон ҳал кардан имконнопазир аст. Вазир мисол овард, ки дар баробари зуҳуроти номатлуб дар Афғонистон комёбиҳои назаррас низ зиёданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ду миллион писару духтари афғон дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна таҳсил мекунад. Солҳои охир сектори хусусии истеҳсолот вусъат меёбад. Бештар аз 25 фоизи аҳолӣ ба истеҳсолу фурӯши маводи нашъадор машғул нест. Солҳои охир ҳазорон нафар сокинони мамлакат барои истеҳсол ва хариду фурӯши маводи нашъадор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.                    Рангин Додфар Спанта афзуд, ки дар барқарор сохтани мамлакат рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Ин сабаби кам кардани сатҳи қашшоқию бенавоӣ хоҳад гашт.                   Дар конфронс вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҷеъ ба проблемаҳои рушди иқтисодиёти Афғонистон ва зарурати кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳалли ин проблемаҳо сухан ронд. Барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва рушди он имкон медиҳад, ки истеҳсоли маводи нашъадор кам карда шавад.                  Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тараққиёти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ шарти асосии ҳалли проблемаҳои ҳаёти мамлакат мебошад. Ҳ.Зарифӣ пешниҳод намуд, ки барои кам кардани парвариши кӯкнор барномаҳои доманадори кишти зироатҳои дигарро амалӣ сохтан зарур аст.                   Ҳ. Зарифӣ пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба миён гузошта буд. Вай пешниҳод карда буд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ташкил карда шавад.  Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон тайёр аст, барои ба Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳ ёфтани тоҷирони афғон кӯмак расонад. Бо ин мақсад аз роҳҳои нақлиётии Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст.                  Иштирокчиёни конфронс дар фарҷоми он изҳор намуданд, ки мамлакатҳои ҷаҳон тайёранд ба Афғонистон барои барқарор сохтани иқтисодиёти он кӯмак расонанд. Дар конфронс Изҳорот, Нақшаи амалиёт ва Эъломияи конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон таҳти васояти СҲШ қабул карда шуданд.                                                                                                                                           Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 30, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад