КОРГОҲҲОИ НАВИ ОРДКАШӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИНАВУ САРБАНД
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Сарбанд бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои нави ордкашӣ сохта шуданд, ки бо дастгоҳҳои компютерӣ идора карда мешаванд. Дар ин коргоҳҳо дар як шабонарӯз аз 80 то 100 тонна орд истеҳсол карда мешавад. Дар ҳар кадоми онҳо қариб 60 нафарӣ коргар кор мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои сохтани як коргоҳи ордкашӣ 540 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Чунин коргоҳ ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ сохта мешавад. Ҳадафи ин иқдом ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва арзон кардани нархи маводи озуқа мебошад. Хабар дода мешавад, ки дар давоми ду моҳи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 85 ҳазору 299 тонна гандум ворид карда шуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 ҳазор тонна зиёд аст. Айни ҳол дар мамлакат 82 ҳазору 381 тонна орд, 117 ҳазору 372 тонна навъҳои гуногуни нон ва 275 тонна макарон истеҳсол карда мешавад. Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарифов зикр намуд, ки андози ворид сохтани гандум ба ҷумҳурӣ 10 фоиз кам карда шуд. Дар натиҷа ҳаҷми ворид сохтани он меафзояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






