КОРХОНАҲО БА СИФАТИ ЧИГИТ АҲАМИЯТ НАМЕДИҲАНД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси маълумоте, ки мухбири АМИТ «Ховар» ҳини санҷиши гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба даст овардааст, барои ҳосили соли 2009 аз 39 ҳазору 90 тонна пахтаи тухмӣ 24 ҳазору 96 тоннаи он коркард шуда, 13 ҳазору 478 тонна чигити тухмӣ истеҳсол карда шудааст, ки барои кишти пахта дар соли ҷорӣ пурра мерасад. Вале як чиз боиси таассуф аст, ки талаботи агротехникии чигити тумӣ мадди назар карда шудааст, ки он 1,5-2 моҳ пеш аз кишт бояд заҳролуд карда мешуд.Дар вилоят ҳамагӣ 2115 тонна ё 15, 8 фоизи чигити тухмӣ заҳролуд карда шудааст. Қариб дар ҳамаи корхонаҳои коркарди пахта сехҳои ғалберкунанда вуҷуд надоранд, ки он боиси бесифатии тухми чигит гардида, ҳосилнокии пахтаро хеле кам мекунад. Аз ин лиҳоз, сифати тухмӣ ба талаботи агрономӣ ҷавобгӯ нест. Хусусан, патнокии пумбадона аз меъёр зиёд аст ва ин мӯҳлати сабзиши пхтаро ба таъхир меандозад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






