КОРХОНАҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ МАҲСУЛОТИ БЕШТАР ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2009 ба маблағи 94 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба сатҳи истеҳсолоти соли 2008 5,4 фоиз зиёд аст. Дар корхонаҳои коркарди пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, дар ҳамин муддат ба маблағи 50,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Боиси нигаронӣ аст, ки корхонаҳое, ки дар ҳайати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дар моҳи январ ба маблағи 175, 7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13,6 фоиз камтар аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамаи корхонаҳои вилоятӣ ғайр аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ таъмин карда шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






