КОРХОНАИ НАВИ КАБЕЛБАРОРӢ
Душанбе, 18 март (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Душанбе сохтмони корхонаи нави кабелбарорӣ оғоз ёфт, ки дар як сол 12 ҳазор тонна маҳсулот мебарорад. Корхона тибқи фармоиши ҷамъияти саҳомии «Проси — сервис» сохта мешавад. Онро коргарони Ширкати саҳомии «Сомон — Тоҷиксохтмон» бо маблағи иттиҳодияи «ТАЛКО — менеҷмент — ЛТД» месозанд. То имрӯз барои сохтмони корхона 8,5 миллион сомонӣ сарф карда шуд. Маҳсулоти корхона эҳтиёҷоти тамоми соҳаҳои саноати мамлакатро қонеъ мегардонад, дар оянда маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар бароварда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ҷо кабелҳои баландшиддат, пастшиддат, кабелҳои сетораи дорои оиқи алюминий, маводи муҳофиз ва гайра истеҳсол карда мешавад. Директори Ҷамъияти саҳомии «Сомон — Тоҷиксохтмон» Самиулло Шодиев ба хабарнигорон гуфт, ки корхона соли 2010 ба истифода дода хоҳад шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






