КУЛЛИ ИНШООТИ ВМКБ МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕШАВАНД

Март 31, 2009 15:55

                     Бадахшон, 31 март. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Пайдост, ки имрӯз дар саросари дунё аждаҳои бӯҳрони иқтисодӣ инсониятро ба таҳлука андохтааст. Корхонаҳо баста мешаванд, мардум бекор мемонад. Дар ҷумҳурии мо низ таъсири он кам нест. Ҳаҷми қарздиҳии бонкҳо ба мардум кам гардид. Дар ҷудо кардани маблағ ба сохтмонҳои нав давлат на чун солҳои қаблӣ пули бебаркашро ҷудо мекунанд. Ҳатто аз идомаи бунёди иддае аз сохтмонҳои нотамом мувваққатан худдорӣ мекунанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тавре сардори шӯъбаи сохтмонҳои асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Раҳматов иттилоъ дод, рӯзи сиюми моҳи март ҳини гуфтугӯи телефонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилоят Қодири Қосим, Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки соли ҷорӣ кулли иншоотҳои сохтмонии ВМКБ комилан маблағгузорӣ карда мешаванд. Сохтмонҳо бошанд, кам нестанд. Имсол дар вилоят беш аз ҳаштод иншооти гуногун мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.  

Март 31, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад