КВД «ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ» БЕШТАР АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ ХУДӢ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо мактуб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намуд, ки маблағҳои барномавиро барои соли 2008 дар буҷети маҳаллӣ пешбинӣ намоянд. Аммо дар соли 2008 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои иҷрои барномаи мазкур маблағ ҷудо накард, ки ин боиси таассуф аст», — ин нуқтаро дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуданд. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар солҳои 2007-2008 барои барқарорсозии хатти оби нӯшокӣ 196,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ҷумла, 6 адад стантсияи насосии фишорбаландкунӣ таъмир гардида, таҷҳизоти зарурии онҳо иваз карда шуд. Инчунин, як адад трансформатор ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ, муҳаррики барқии 106 кВт ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, дар кӯчонидани стантсияи насосии партовобҳои «Вокзал» 10 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ анҷом дода шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, то 1-уми январи соли ҷорӣ қарзҳои дебитории корхона 581,8 ҳазор сомониро ташкил дод. Қарзҳои кредиторӣ бошанд дар ин давра ба 578,6 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Бояд гуфт, ки сарфи қувваи барқ дар моҳи январи соли 2009-ум 543,2 ҳазор кВт соатро ташкил дод, ки ин ба маблағи 38026 сомонӣ баробар аст.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






