ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУНИ ЗАБОН ТАҲИЯ МЕШАВАД

Март 27, 2009 11:26

                 Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мулоқоти Президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар ба таҳияи лоиҳаи нави Қонуни забон замина гузошт.                 Ба гуфти Сарвари давлат ин қонун «дар замони Шӯравӣ таҳия шуда ба ниёзҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ нест».                 Тибқи иттилои манбаъҳои расмӣ, гурӯҳи корӣ аз мутахассисони забоншинос таъсис дода шудааст то ин санадро таҳия намоянд.                 Сарвари давлат ҳамчунин пешниҳод намуд, ки ба муносибати 20- солагии истиқлолияти Тоҷикистон фарҳанги шашҷилдаи забони тоҷикӣ таҳия ва нашр карда шавад.                 Соли ҷорӣ аз қабули Қонуни забони тоҷикӣ 20 сол сипарӣ мешавад.

Март 27, 2009 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд