М. УБАЙДУЛЛОЕВ ХОСТОРИ ТАҚВИЯТИ РОБИТАҲОИ ПАРЛУМОНӢ БО ФАРОНСА ШУД
Душанбе, 3 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни мулоқоташ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани нақш ва мавқеи Фаронсаро дар ҳалли проблемаҳои глобалии умумиҷаҳонӣ бахусус дар давраи раисии ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2008 махсус таъкид намуда, баҳои баланд дод. Ҳамзамон, Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон саҳми Фаронсаро дар муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм, экстримизм ва дигар зуҳуроти номатлуб махсус қайд намуд. М. Убайдуллоев ба Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар мавриди амалӣ сохтани лоиҳаҳои муҳим, ки дар кишвари мо аз ҷониби институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудаанд, минатдории самимӣ изҳор карда, доир ба дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷониба дар гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар соли 2005, азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе сипосгузорӣ намуд. Зикр шуд, ки барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, бахусус дар бахши гидроэнергетика захираю имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд ва дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, аз онҳо бояд пурра истифода бурд. Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар ибрози назар намуданд. Дар робита М.Убайдуллоев зарурати такон бахшидани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро аз самтҳои аввалиндараҷаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ кард. М. Убайдуллоева таъсис додани гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Фаронсаро пешниҳод кард. Ин пешниҳоди муфид аз ҷониби дипломати фаронсавӣ пазируфта шуд. Сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани омодагии ҷониби Сафорати Фаронсаро ҷиҳати мусоидати намудан ба таҳкими ҳамкориҳо иброз дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






