МАҚОЛАИ НАВИ ФИДЕЛ КАСТРО ДАР БОРАИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТИ ЧИН

Март 31, 2009 15:16

                 Гавана, 31 март. (АМИТ «Ховар», ТРЕНД). — Пешвои инқилоби Куба Фидел Кастро дар мақолаи нави худ бахшида ба афзоиши нуфузи Чин дар иқтисодиёти ҷаҳон менависад, ки «мавқеи ин мамлакат дар бозори ҷаҳонӣ торафт мустаҳкамтар мегардад. Ин барои мамлакатҳои ғарб ҳақиқати талх мебошад». Эътирофи нақши рӯзафзуни Чин дар иқтисодиёти ҷаҳон барои мамлакатҳои ғарб зарбаи бузурги иқтисодӣ ба шумор меравад, гуфта мешавад дар мақола. Ф.Кастро дар бораи мавқеи Чин дар муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ бори дуюм мақола менависад. Мақолаҳои ӯ дар воситаҳои ахбори оммавии Куба чоп шуданд.                  Дар мақолаи пештараи Ф.Кастро гуфта мешавад, ки нақши Чин дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои «Гурӯҳи бистгона» бо назардошти бӯҳрони ҷаҳони молиявӣ ниҳоят назаррас хоҳад буд. Ҳол он ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то солҳои охир дар бозори иқтисодии ҷаҳон мавқеи асосӣ дошт. Дар мақолаи Ф.Кастро гуфта мешавад, ки Чин аз ИМА маблағи калон қарздор аст, дар баробари ин Пекин муборизаро барои устувор гардондани мавқеи худ дар бозори молиявии ҷаҳон сол то сол тақвият мебахшад. Ҷомеаи ҷаҳон ҳақ дорад, ки дар бораи проблемаҳои иқтисодии бӯҳрони молиявӣ ҳар чӣ бештар маълумот ба даст орад. Бӯҳрони мазкур айни ҳол тақрибан ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, менависад Фидел Кастро. Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 31, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад