МАҲАЛЛА, РУКНИ АСОСИИ ШАҲР
Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — Маҳалла дар қаламрави шаҳр яке аз рукнҳои асосӣ маҳсуб гардида, дар ободонию шукуфоии он, беҳдошти рӯзгори аҳолӣ нақши босазо дорад. Фаъолияти ин рукнро кумитаи маҳалла идора мекунад ва дар шаҳри Истаравшан теъдоди чунин кумитаҳо 20-ададро ташкил медиҳанд. — Ободонии маҳаллаҳо аз кору созмондиҳии аъзои он сахт вобастагӣ дорад, — мегӯяд корманди масъули дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан Толибҷон Олимҷонов. Масалан, як худи кумитаи маҳаллаи Крушкадаро, ки дар канори шаҳр, дар мавзеи 6-7 километрии қисми шимолии Истаравшан ҷойгир аст, танҳо дар соли 2008 3 км роҳ, 2 масҷид, мағозаю сартарошхонаро аз таъмир бароварда, дар кӯчаҳои Кешбофон ва Омӯзгорон обравҳои канори роҳҳоро ба тартиб даровардаанд. Ғайр аз ин зиёда аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуда, дар оғози соли нав аҳолиро бо гази табиӣ таъмин намуданд. Дар ин ҷо ҳамчунин бунгоҳи нави тиббӣ ба фаъолият сар кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






