МАҲСУЛОТИ САНОАТИ САБУК АФЗОИШ МЕЁБАД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи давлатии омор ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳи январи соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук 58,9 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 9, 8 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли маҳсулоти саноати пахтатозакунӣ (115,2 фоиз), маҳсулоти кашбофӣ (100,3 фоиз), абрешим (111,6 фоиз) ва дӯзандагӣ (124,1 фоиз) зиёд шудааст. Дар айни ҳол, истеҳсоли маҳсулоти пахтагин (72,6 фоиз) кам шудааст. Аз 146 корхонаи соҳа 52,7 фоизашон истеҳсолотро нисбат ба сатҳи моҳи январи соли гузашта зиёд намуданд. Истеҳсоли нахи пахта дар моҳи январи соли 2009 ба 10,2 ҳазор тонна, калоба ба -17,2 ва газворҳои пахтагин ба 942,2 ҳазор метри мураббаъ расонида шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






