МАҶЛИСИ ҒАЙРИНАВБАТИИ УМУМИИ САҲМДОРОНИ «АГРОИНВЕСТБОНК»
Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳоро дар бораи зиёд кардани маблағи сармояи ибтидоии бонк ва ворид сохтани тағйироту иловаҳоро ба оинномаи он муҳокима намуданд. Раиси бонк Ниёзмурод Саидмуродов аз ҷумла, зикр кард, ки бо вуҷуди таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба соҳаи молияи мамлакат захираҳои калони сармоягузорӣ мавҷуданд ва аз онҳо истифода кардан зарур мебошад. Дар маҷлиси умумӣ қарор қабул карда шуд, ки маблағи сармояи ибтидоии бонк 54 миллиону 700 ҳазор сомонӣ зиёд карда, маблағи умумии он ба 132 миллиону 700 ҳазор сомонӣ расонда шавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






