МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Март 25, 2009 12:04

                  Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Рӯзҳои 1 ва 2 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии 12 — уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ бахшида ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳн намудани он ва полиграфия баргузор хоҳад гашт. Аз дафтари матбуоти вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлис ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси гузаштаи Шӯрои байнидавлатӣ баррасӣ карда мешавад.                   Иштирокчиёни маҷлис инчунин лоиҳаи Эъломияро дар бораи дастгирии чопи китоб, лоиҳаи Созишномаро дар бораи таҳия ва шартҳои қобили қабули мубодилаи мутақобалаи нашрияҳо, тайёрӣ ва гузаронидани Озмуни шашуми байналхалқии «Санъати чопи китоб» дар байни давлатҳои аъзои ИДМ, рафти иҷрои тадбирҳои Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нашри китоб ва таъсиси муассисаи нашриявии ИДМ, тадбирҳои Соли адабиёт ва хониш дар мамлакатҳои ИДМ, рафти иҷрои тавсияҳои анҷумани сеюми зиёиёни илмию эҷодкори мамлакатҳои ИДМ ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.  

Март 25, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд