МАБЛАҒИ СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ ВАҲДАТ- ҚӮРҒОНТЕППА 140 МЛН. Д
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 19-уми март ба бунёди роҳи оҳани Ваҳдат- Қӯрғонтеппа асос гузошта шуд.Роҳи нав маркази кишварро ба нуқтаи ҷануби он дар масофаи 50 километр пайваст менамояд. Муҳимияти роҳи нав пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷануби кишварро бо марказ дар масофаи беш аз 200 километр наздик намуда, бе убур аз сарҳади давлати ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифта, садҳо ҳазор сомонӣ дар як сол фоида оварда метавонад. Муовини раиси Бонки Осиёи Рушд ҷаноби Жао ҳангоми мулоқот ба Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки Бонки осиёи Рушд дар бунёди роҳҳои иртиботӣ ба Тоҷикистон сармояи изофӣ ҷудо хоҳад кард.Барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Қӯрғонтеппа 140 млн. доллар пешбинӣ шудааст. Коршиносон дар ин андешаанд, ки як қисми ин маблағро Бонки Осиёи Рушд пардохт хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ки Бонки Осиёи Рушд дар давоми даҳ соли ҳамкорӣ ба Тоҷикистон дар доираи 500 млн. доллар барои иҷрои лоиҳаҳои мухталиф маблағ пардохт намудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






