МАЙДОНҲОИ КИШТИ ПАНҶАКЕНТ МЕАФЗОЯД

Март 31, 2009 11:27

                   Панҷакент, 31 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо фарорасии фасли баҳор дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавсими кишту кор оғоз мегардад. Кишоварзони ноҳияи Пнҷакент имсол ният доранд, ки дар майдони 10913 гектар кишти баҳорӣ гузаронанд.                    Муовини сардори раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Фирӯз Ёров зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки тибқи нақша кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ бояд дар майдони 900 гектар гандуми баҳорӣ, 400 гектар ҷав, 400 гектар ҷувории донӣ, 800 гектар шолӣ, 1600 гектар нахӯд, 1700 гектар зағир, 900 гектар офтобпараст, 250 гектар картошка, 70 гектар помидор, 120 гектар сабзӣ, 110 гектар пиёз ва 10 гектар харбузаю тарбуз кишт кунанд.                    Бояд гуфт, ки дар баробари ин, бо мақсади фароҳам овардани захираи хуби хӯроки чорво дар майдони 340 гектар ҷуворимакка барои силос, 10 гектар лаблабу, 103 гектар алафи яксола ва 800 гектар юнучқа кишт карда хоҳад шуд.

Март 31, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст