МАНФИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН ПОЙМОЛ ШУДАНД

Март 25, 2009 10:57

                      Душанбе,25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дар фаъолияти прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ошкор намудани садҳо ҷиноятҳо, аз қабили сӯиcтифода аз мансаб ва вазифаҳои хизматӣ, порахӯрӣ, аз худ кардани моликияти давлатӣ, зарар овардан ба буҷет, молия ва андоз бозгӯи пешрафти корҳои соҳа мебошад.Санҷишҳои прокурорӣ дар вилояти Хатлон нишон доданд, ки қонуншиканиҳо хеле зиёданд.                     Бино ба иттилои прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов, солҳои охир ягон корхонаи саноатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иқтидори пурра фаъолият накардааст. Корхонаҳои фаъолиятдошта ба даҳҳо қонуншиканиҳо роҳ додаанд. Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Умед-1» дар соли 2008 ба маблағи 2 млн. 244 ҳазору 333 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2007 ба маблағи 1 млн. 507 ҳазору 332 сомонӣ камтар аст. Директори корхонаи мазкур С.Н. Ҷобиров музди меҳнати коргаронро ба маблағи 86323,66 сомонӣ пардохт накарда, онро ба суратҳисоби ширкатҳои дигар гузаронида, ҳуқуқ ва манфиатҳои 110 нафар коргарони корхонаро поймол намудааст, ки барои ин амал ҷазои сазовор гирифт.

Март 25, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд