МАРҲИЛАИ СЕЮМИ СОХТМОНИ РОҲ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Тавре ки маълум аст, айни ҳол марҳилаи сеюми сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ давом дорад. Дар ин давра дар маҳалҳои хавфнок ва тармафуро долонҳои махсус сохта мешаванд, ки дарозии онҳо 3645 метр мебошад. Сохтмони роҳи мазкур тибқи нақша моҳи июли соли 2010 ба охир мерасад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» дар назди Ҳукумати ҶТ итиллоъ доданд, барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмони ва таҷдид, роҳи Душанбе-Чаноқ ба 3 қитъа ва галереяю нақб тақсим карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ то якуми феврали соли 2009 ба маблағи 216,24 млн. долл. ИМА корҳои сохтмони ва барқароркуни иҷро карда шуда, сохтмони 233,8 км. роҳ (дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 50 км. ва дар вилояти Суғд 183,8 км) бо 30 кӯпрукҳои хурд, миёна ва калон, 4570 метри тӯлонӣ деворҳои муҳофизатӣ, 338 қубурҳои обгузари зери роҳ ва дигар иншооти ёрирасон баъди қабули комиссияи кории вазорат мавриди истифода қарор дода шуданд. Арзиши умумии иншооти ба анҷомрасида 118,2 миллион доллари ИМА- ро ташкил мекунад.Қитъаҳои анҷомёфтаи роҳ ба Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои Варзоб, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончи, Спитамен, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров ва Мастчоҳ супорида шуданд. Айни замон корҳои тармимӣ дар ҳамаи марҳилаҳо идома дорад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






