МАЪРАКАҲОИ МИЛЛӢ БА ТАРТИБ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД

Март 13, 2009 17:14

                 Кӯлоб, 13 март (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Фаъолияти комиссияҳои танзими расму анъана ва тӯю маъракаҳои дар тамоми шаҳру ноҳия, деҳот ва корхонаю муассисаҳои вилояти Хатлон давом дорад. Аъзоёни комиссия дар байни мардум ташвиқоту тарғибот гузаронида, вохӯриҳо ташкил намуда, аҳамияти фармони Сарвари давлатро дар ин масъала мефаҳонанд ва дар тӯю маъракаҳо иштирок намуда, барои камхарҷу муташаккилона гузаронидани онҳо сари вақт тадбирҳо меандешанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин мулоқот 12 март дар Шӯрои деҳоти «Даҳана» — и ноҳияи Кӯлоб баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, имом — хатибони масҷидҳо, мудирони мактабҳо, намояндагони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд. Дар мулоқот рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму анъанаҳо ва маъракаҳои миллӣ» ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.                  Сармутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои деҳоти «Даҳана» Иззатулло Раҳимов зикр кард, ки дар давоми як соли гузашта дар ҳудуди ҷамоат 428 тӯй, 353 маросими ақди никоҳ, 43 тӯи хатна ва 111 маросими ҷаноза баргузор гардид. Ҳамаи ин маъракаҳо дар доираи қонуни зикршуда гузаронида шуданд. Дар онҳо фаъолони ҷамоат иштирок намуда, ба соҳибони маъракаҳо маслиҳату машваратҳои муфид доданд.                  Бо вуҷуди ин баъзе одамон талаботи қонунро сарфи назар карда, мехоҳанд, ки маъракаҳои худро ботантанаю дабдаба гузаронанд. Вале аъзои комиссия пеши роҳи чунин одамонро сари вақт мегиранд. Аъзои комиссия дар давоми як сол дар гузаронидани тӯю маъракаҳо шаш қонуншиканиро ба қайд гирифтанд. Бо пешниҳоди аъзои комиссия дар мақомоти суд ба гунаҳкорон ба маблағи зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Аҳолии маҳаллӣ талаботи қонуни танзими расму оинҳои миллиро торафт бештар меомӯзад. Дар давоми ду соли охир дар ҷамоати мо маросимҳои ботантанаи динӣ, аз ҷумла, пешвозгирии ҳоҷиён, таҷлили рӯзҳои таваллуд, занги охирин ва ғайра гузаронида нашудаанд. Ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо иштироки одамони машҳур ва падару модаронашон гусел карда мешаванд.                 Умуман, фаъолияти комиссияҳои танзими расму анъанаҳои миллӣ ба манфиати мардум мебошад, гуфт дар хотима И.Раҳимов.  

Март 13, 2009 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!