МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 28 феврал дар қаламрави вилояти Суғд тибқи қарори раиси вилоят «Оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар вилоят барои соли 2009» ҳашари умумихалқии нишҳолшинонӣ доир гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳи муовинони худ, роҳабарони як қатор ташкилоту идораҳои давлатӣ ва кормандони дастгоҳи раиси вилоят дар муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, дар ин мавзеъ якчанд бех ниҳол шинонид. Сипас, Қоҳир Расулзода аз ҷараёни кор дар дигар минтақаҳои ин боғ шиносоӣ пайдо кард ва барои саривақт анҷом додани маъракаи имсолаи ниҳолшинонӣ ба роҳбарону масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Раиси вилоят инчунин аз рафти сохтмони чойхонаи миллӣ дар мавзеи боғ дидан намуда, бо кору фаъолияти бинокорон аз наздик ошно гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маъркаи имсолаи ниҳолшинонӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат» қариб 2 ҳазор нафар дар ҳудуди 631 гектар замин, наздик ба 12 ҳазор бех ниҳоли ҳосилдеҳу сояафкан шинониданд. Ёдрас мешавем, ки «Боғи миллии Ваҳдат» соли гузашта дар арафаи ҷашнгирии иди Наврўз бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурўъ намуда буд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






