МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО ФЕҲРАСТИ ЭЛЕКТРОНИИ 500 ДАСТХАТИ ҚАДИМА

Март 16, 2009 16:53

                 Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Пагоҳ дар шаҳри Душанбе маросими шиносоӣ бо феҳрасти электронии 500 дастхати қадима бо забони форсӣ-тоҷикӣ (алифбои форсӣ), русӣ ва англисӣ баргузор мегардад. Ҷамъомади мазкур ҳамроҳи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад хабар доданд, таҳияи феҳрасти мазкур кӯшиши аввалинест баҳри шиносоии оммаи васеи хонандагону пажӯҳишгарон бо осори хатти қадима аз марказҳои нигаҳдории осори хаттии ҷумҳурӣ — Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи А.Мирзоев (380 дастхат) ва Китобхонаи миллии ба номи Фирдавӣ (120 дастхат) мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар феҳрасти электронӣ номгӯи китоб, муаллифи он, санаи тартиб додани дастхат, мавзӯъ ва мундариҷаи он, таърих ва макони дарёфт ва шумори саҳифаҳо дарҷ ёфтаанд.

Март 16, 2009 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд