МАШВАРАТ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва Мушовирони давлатии Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳои азими саноатӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли равон ва коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ машварати корӣ доир намуд. Оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин муддат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки аз рӯйи маълумоти баҳодиҳӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% афзуда, ба 1 миллиарду 909 миллион сомонӣ баробар шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ ва баъзе соҳаҳои дигар изҳори норозигӣ карда, таъкид намуд, ки натиҷаҳои кори онҳо дар семоҳаи авали соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад ва аз рӯйи он чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд. Оид ба таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ, кам кардани хароҷоти конселярию нақлиётӣ, алоқаи телефонӣ ва сафарҳои хизматӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд. Оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ, рушди боғутокпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, парварши занбӯри асал, афзун намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ гузарондани кишти такрорӣ супоришҳои мушаххас дод. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди масъулон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






