МАШВАРАТИ КОРШИНОСОНИ СААД
Маскав, 17 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав машварати коршиносони давлатҳои аъзои СААД дар масъалаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ оғоз ёфт. Гурӯҳи кории созмон бо мақсади амалӣ сохтани қарорҳои мулоқоти ғайринавбатии аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар бораи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қонуниро таҳия намуд, ки фаъолияти қувваҳои мазкурро ба низом медароранд. Коршиносон пешниҳодот, таклифҳо ва эродҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмонро баррасӣ мекунанд. Муовини муншии умумии СААД Валерий Семериков ба хабарнигорон гуфт, ки дар машварат намояндагони шӯроҳои амният, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, муҳофизи қонун ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои созмон иштирок доранд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






