МАШВАРАТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР МАСКАВ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар пойтахти Русия — шаҳри Маскав машварати вазирони молияи мамлакатҳои аъзои ИДМ давом дорад. Дар машварат масъалаҳои марбут ба вазъияти ҳозираи иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Иттиҳод ва тадбирҳои кам кардани таъсир ва оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ муҳокима карда мешаванд. Иштирокчиёни машварат инчунин мавқеи мамлакатҳояшонро дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои «Гурӯҳи бистгона» муайян ва мувофиқа менамоянд, ки 2 апрел дар Лондон баргузор хоҳад гашт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машварати мазкур вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок дорад. Машварати вазирони молияи мамлакатҳои ИДМ бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳод аз моҳи октябри соли 2008 мунтазам гузаронида мешавад. Дар он вазъияти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳо муҳокима карда, барои ҳалли проблемаҳои мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, бо супориши Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои Иттиҳод барои бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуда буданд. Бояд гуфт, ки ин масъала дар байни мамлакатҳои Иттиҳод мунтазам баррасӣ карда мешавад. Дар натиҷа барои таъмини вазъияти босуботи молиявӣ тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд. Дастгирии фаъолияти молиявии бонкҳо, додани кафолати ҳифзи маблағҳои пасандози аҳолӣ дар бонкҳо, истифодаи пулҳои миллӣ зимни хариду фурӯши мол дар байни мамлакатҳо, расондани кӯмаки молиявӣ ба корхонаҳои калонтарин ва пешгирии бекории оммавӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






