МЕҲНАТИ ДАСТҶАМЪӢ

Март 4, 2009 15:52

                   Истаравшан, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейни Нарзулло) — 28-феврал дар ҳашари умумихалқӣ 17 537 нафар сокинони шаҳру деҳот фаъолона иштирок карданд. Дар ин рӯзи офтобию барои корҳои кишоварзӣ қулай 6 537 нафар коргарони хоҷагиҳои ҷамоавӣ, фермерӣ ва деҳқонӣ ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ машғул гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рӯз 8 530 бех ниҳол, аз ҷумла 7 200 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 1 330 бех ороишию сояафкан, зиёда аз 11 000 бех қаламчаҳо шинонданд. Дар ин рӯзи кори дастаҷамъӣ 15,5 га боғи нав бунёд гардида 5,2 га боғу токзорҳои кӯҳна барқарор карда шудаанд, — гуфт муовини раиси шаҳр, сардори ситоди шанбегии умумихалқӣ Ҳакимҷон Бобоев.                    Меҳнаткашони шаҳру деҳот дар ин рӯз хамчунин 222 000 тонна хокрӯбаю партовҳоро бароварда ба масофаи 44 км ҷӯйбору қубурҳоро тоза карданд. Чунин ҳашарҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд пурсамар ташкил карда шуд.  

Март 4, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид